Тоҷикистон дар навбат: кадом кишварҳо мехоҳанд аз Русия бар зидди COVID-19 даво бихаранд

Аксари кишварҳои ҷаҳон барои харидории воксинаи сохти Русия - "Спутник V" алоқамандӣ пайдо карданд. Аксари кишварҳои хориҷи наздик омода ҳастанд аз Русия ин ваксинаро харидорӣ намоянд
Sputnik

Дар Русия ба сохти воксинаи зидди вируси корона ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз карда буданд. Ба сохти воксина якбора чанд гурӯҳи олимон шурӯъ карданд.

Дар ниҳоят Вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди вируси коронаро дар моҳи августи соли равон ба қайд гирифт. Ин воксина аз сӯи маркази тадқиқотии зиддиэпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи кашф карда шуд ва сохти ин даво дар ҳамкорӣ бо бунёди сармояҳои мустақими Русия сурат мегирад.

Дар ниҳоят ин воксина комилан безарар дониста шуд. Ин даво метавонад бар муқобили вируси корона мубориза барад. Сипас аз самаранокии ин воксина маҷалаи бонуфузи The Lancet мақолае чоп кард.

Русия дар ҳоли ҳозир, аз кишварҳои хориҷӣ ба андозаи як миллиард адад воксина дархост қабул кардааст. Аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Араб, Филипин, Мексика, Венесуэлло, Молдова ва Озарбойҷон омодагии худро барои харидории ин воксина эълон карданд.

Нахустин кишваре, ки ба воксинаи зидди вируси корона дастрасӣ пайдо мекунад, ин Белорус мебошад.

Инчунин Руся созишнома барои фуруши воксина бо Қазоқистон низ ба имзо расонидааст. Тибқи ин созишнома ба Қазоқистон беш аз миллион адад воксина дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ хариди ин воксинаро баррасӣ доранд.