ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳур сафари кории президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Бино ба иттилои манбаъ имрӯз пас аз дидор аз ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф овард.
Гуфта шудааст, ки раисҷумҳури кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони маркази вилоят истиқбол гирифтанд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок карда бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоту вохӯрии судманд доир менамояд.