ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар тибқи таҳқиқоти мутахассисони хориҷӣ, селен ва магний, ки дар таркиби ин навъ ғалладонагӣ мавҷуд аст, аз ҷамъшавии холлестирин дар рагҳо пешгирӣ мекунад, менависад FoodNews.
Гузашта аз ин, антиоксидантҳо, ки дар таркиби биринҷи қаҳваранг мавҷуданд, таъсири зиддиилтиҳобӣ доранд ва хавфи сар задани саратони сина ва рӯдаи ғавсро коҳиш медиҳанд.
Олимон: риш одамро аз саратон муҳофизат мекунад
Ба гуфтаи мутахассисони ғизошинос, таркиби ин навъ биринҷ аз сафеда ва минералҳо бой аст, ки дар нигоҳ доштани кори дурусти рӯдаҳо, меъёри қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад.
Ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки биринҷи қаҳварангро ҳамчун гарнир ва ё дар таркиби хӯрокҳои обдору хӯришҳо истифода кард.