Созмони ҷаҳонии беҳдошт табобати коронавирусро бо гиёҳ иҷозат дод

Табобати анъанавии COVID-19 пас аз пешниҳоди президенти Мадагаскар Андри Радзуэлин оид ба санҷиши нӯшокии асоси явшон, ки дар мубориза бо вараҷа самаранок аст, ба миён омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ табобати коронавирусро бо гиёҳҳои Африқо тасдиқ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ТУТ.

Тавсияи Бердимуҳаммадов барои пешгирӣ аз вирус: ҳазориспанд дуд кунед

Ташкилот оид ба протоколи III озмоишҳои клиникии доруҳои гиёҳии африқоиро барои табобати эҳтимолии коронавирус мувофиқа кардааст.

Масъалаи табобати анъанавии COVID-19 пас аз пешниҳоди президенти Мадагаскар Андри Радзуэлин дар бораи санҷиши нӯшокии дар асоси явшон сохташуда, ки дар мубориза бо вараҷа самарабахш аст, ба миён омад. Нӯшокӣ COVID-Organics (CVO) ном дорад ва ҳоло дар Мадагаскар ва дигар кишварҳои Африқо васеъ истифода мешавад.

СҶБ барои гузаронидани озмоишҳои клиникӣ иҷозатнома дода, оиннома ва супоришҳоро барои таъсиси комиссия оид ба мониторинги маълумот ва бехатарӣ тасдиқ кардааст.

Ин созмон таъкид кард, ки марҳилаи сеюми озмоиш барои арзёбии пурраи бехатарӣ ва самаранокии маҳсулот муҳим аст ", - гуфт созмон.

"Пайдоиши COVID-19, ба мисли хуруҷи Эбола дар Африқои Ғарбӣ, зарурати тақвияти системаҳои тандурустӣ ва суръат бахшидани барномаҳои таҳқиқотӣ ва рушд, аз ҷумла дар тибби анъанавиро нишон дод. Агар маҳсулоти тибби анъанавӣ бехатар, самарабахш ва сифати кафолатнок пайдо шавад, СҶБ барои истеҳсолоти он иҷозат медиҳад”,- гуфт Проспер Тумусииме, Директори фарогирии умумиҷаҳонии тандурустӣ, Дафтари минтақавии СҶБ дар Африқо.

Ёдрас мешавем, ки моҳи май СҶБ эълом кард, ки “усулҳои анъанавии табобати” коронавирусро тибқи тартиби ягонаи санҷиши ҳамаи доруҳо баррасӣ хоҳад кард.

Тибқи маълумоти ахири ин созмон, дар саросари ҷаҳон 31,2 миллион нафар мубталои коронавирус мебошанд. 965,1 ҳазор сокини сайёра қурбони ин беморӣ шуданд. Ҳамзамон, ба табибон муяссар шуд, ки зиёда аз 22,8 миллион беморонро табобат кунанд.