"Истиқлол" бори нуҳум барандаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд

Тими “Истиқлол” -и Душанбе бо гирифтани беш аз ҳама холҳо дар ҷадвали мусобиқа маротибаи нуҳум ғолиби Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон - 2020 гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе се давр пеш аз хотимаи  мусобиқот ба таври расмӣ унвони қаҳрамониро дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон  ба даст овард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сангзанӣ дар Хоруғ баъди футбол: ВУД теъдоди маҷруҳон ва иншооти осебдидаро гуфт

Мавриди зикр аст, ки то охири ҳамаи бозиҳои чемпионат “Истиқлол” аллакай аз дастаи “Хуҷанд”, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 29 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад, аллакай 12 холи зиёлатӣ дорад.

Дар маҷмӯъ, “Истиқлол” 41 имтиёз доранд ва “Бохтар” -и Хатлон бо 24 имтиёз шомили сегонаи Чемпионати Тоҷикистон шудааст.

Дар даври 16-уми Лигаи олӣ тими “Истиқлол” дар сафар бо тими “Хатлон” бозиро бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима дод.

Голҳои дастаҳоро Рустам Соиров аз “Хатлон” ва Кароматулло Саидов аз “Истиқлол” ба ҳадаф расониданд.

Алексей Ларин аз дастаи “Истиқлол” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 медали тиллои Лигаи олии кишварро соҳиб шуда буд.

Муҷозоти сармураббии "Истиқлол" барои ишораи таҳқиромез дар бозӣ бо "Истаравшан"

ФФТ мегӯяд, бо вуҷуди пирӯзии "барвақт", бозиҳои даври ҳабдаҳуми навбатии Лигаи олии Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27 сентябр баргузор мешаванд.