Шаҳри Хоруғ бе барқ намемонад: неругоҳи барқии обии “Хоруғ” навсозӣ мешавад

Канали обрасони Неругоҳи барқии обии “Хоруғ”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади аз байн бурдани талафоти об ва эмин нигоҳ доштани хонаҳои наздик ба он аз намӣ мавриди таъмир қарор дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” таъмири каналро яке аз ширкатҳои бонуфузи Олмон - “Пенатрон” ҳамроҳ бо ширкати тоҷикистонӣ  “Таъмир ва ҳимоя аз бетон” анҷом медиҳанд.

Санаи роҳандозии нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар Мурғоб маълум шуд

Гуфта шудааст, ки кормандони техникии Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агрегату дигар механизмҳои зарурӣ ва ёридиҳандаро низ таъмир ва ба зимистон омода хоҳанд кард.

Сохтмони ин канали обрасонӣ охири солҳои шастуми асри гузашта ба итмом расид ва соли 1970 Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” ба тавлиди неруи барқ бо тавоноии 9 мегаватт оғоз кард.

“Давоми ним аср бар асари зилзила ва сангчарх дар ин канал рахнаву сӯрохиҳо пайдо шуда, ба талафоти об оварда расонданд. Дар натиҷа иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ низ коҳиш меёфт”, - таъкид доштааст манбаъ.

Муҳандиси Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” Ҳоким Амирбеков гуфт, ки таъмири канали обрасон ба тавлид ва интиқоли неруи барқ барои муштариён  таъсир намерасонад ва онҳо мисли пештара тавассути Неругоҳи барқии обии “Помир-1”  24 соат бо неруи барқ таъмин мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Амирбеков гуфт,  давоми ду ҳафта агрегат ва дигар механизмҳои ёридиҳандаи Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” низ пурра таъмир ва ба зимистон омода мегарданд.

Неругоҳи барқии обии “Хоруғ” агарчи 50 сол пеш сохта шудааст, аммо тӯли чанд даҳсолаи охир пурра навсозӣ гардид. Он ҳоло баробари НБО “Помир-1”дар чаҳор фасли сол бе танаффус сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо неруи барқ таъмин мекунад.