ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар вилоят бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоят бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ Ситоди махсуси вилоятии “Ҳосил-2020” фаъолият мекунад.
Ҳамзамон, тибқи нақшаи Ситоди вилоятии “Ҳосил-2020”, ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат мегирад.
“Давраҳои минбаъдаи он ҳар 20-рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят парчами шараф барафрохта мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Инчунин, ба ҳайати ситоди вилоятӣ масъулини ниҳодҳои марбута шомил буда, раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қайд карда шудааст, ҳамчунин миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шаванд.