Имрӯз соати 6.55: Эмомалӣ Раҳмон тариқи Zoom суханронии вижа мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар як барномаи онлайнии бузургдошт аз нӯҳумин солрӯзи шаҳодати Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳури фақиди Афғонистон аз тариқи нармафзори Zoom суханронӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Азиз Аҳмади Бориз, дипломат, пажӯҳишгар ва нависандаи муқими Лондони Бритониё, мубтакири ин барнома, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Анҷумани порсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон "Пайванд" меҳмони вежа ва баландмақоми ин барнома хоҳад буд.

 “Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши шаҳид Устод Раббонӣ дар сулҳи Тоҷикистон” суханронӣ хоҳад кард. Дар умум барнома пурра ба фаъолиятҳои устод Бурҳонуддини Раббонӣ бахшида хоҳад шуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон аввалин суханвари ин барнома хоҳад буд”, - гуфт Азиз Аҳмади Бориз.

Дар ин барнома, ки тариқи нармафзори Zoom дар интернет пахш мешавад, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ, Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҷамъияти исломӣ, Масъуд Халилӣ, сафири собиқи Афғонистон дар Ҳинду Испания ва иддае аз сиёсатмадорону олимони афғону эронӣ ва араб низ ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.

Раҳмон ҷонибдорияш аз музокироти байниафғониро баён дошт

Ин барнома имрӯз, 19 сентябр, соати 6.55 – и шом ба вақти Душанбе мустақим тариқи нармафзори Zoom пахш мешавад. Бурҳонуддин Раббонӣ, собиқ раисҷумҳури Давлати исломии Афғонистон ва замони марг раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон, 20 сентябри соли 2011 дар хонааш аз инфиҷори бомбае, ки дар саллаи террористи худкуш ҷойсозӣ шуда буд, ба шаҳодат расид.

 Ин фард худро намояндаи Толибон муаррифӣ карда буд. Раббонӣ пас аз марг лақаби “Шаҳиди сулҳ” – ро гирифт. Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, аввалин раҳбарони хориҷие буданд, ки барои сари мизи музокирот нишондани ҷонибҳои даргири Тоҷикистон талош карда, муваффақ ба шурӯъи музокироти сулҳи тоҷикон шуда буданд.

 Ин талошҳо 27 июни соли соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба поён расиданд.