Толибон пешниҳоди оташбаси давлати Афғонистонро рад кард

Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар дархости давлати Афғонистонро барои барқарории оташбас рад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммаднаим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон гуфт, ки ин маъқул нест, ки ҷанги бистсоларо дар як соат ба поён бирасонем.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

“Ба назари мо, бояд иллати ин ҷанг мавриди баҳс қарор гирад ва сипас оташбаси ниҳоӣ барқарор шавад”, - таъкид дошт Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон.

 Муҳаммаднаим Вардак дар Қатар зимни таъкид бар ҳалли ихтилофот бо давлати Афғонистон афзуд:Толибон хостори барқарории ҳукумати исломӣ дар кишвар аст.

 Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, сухангӯи ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон бо ҳайати гурӯҳи Толибон рӯзи чаҳоршанбе дар панҷумин рӯзи ин музокирот дар Давҳаи Қатар гуфт,ки дастури кори музокирот дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва ду ҳайат дар бештари мавридҳо тавофуқ доранд.

 Нодирӣ гуфт, ки музокироти Давҳа то расидан ба натиҷаи матлуб идома дорад.

 Давлати Афғонистон ва Толибон қарор аст дар ин музокирот дар бораи барқарории оташбас, низоми сиёсии ояндаи Афғонистон, тақсими қудрат ва шеваи  пайвастани Толибон ба нируҳои амниятии ин кишвар музокира кунанд.