ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханрониаш таъкид дошт, ки таъмини нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ марҳала ба марҳала чораҷӯӣ дорад.
“Яке аз чунин тадбирҳо татбиқи лоиҳаи азнавсозии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон ба шумор меравад, ки ба рушди соҳаи роҳу нақлиёти шаҳри Ҳисор такони ҷиддӣ бахшид”, - қайд кард раисҷумҳур.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, дар маҷмӯъ 247 километр роҳ, аз ҷумла 24 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 46 километр роҳи ҷумҳуриявӣ ва 176 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуд буда, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ танҳо 1,3 километр роҳ ва 1 пул ба дарозии 96 метр таъмир карда шудааст, ки ин ба талабот ҷавобгӯ нест.
“Қисми зиёди роҳҳои аҳаммияти маҳаллидошта ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд”, - гуфт президенти Тоҷикистон.
Ҳамзамон вай илова кард, ки тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ азнавсозӣ ва таҷдиди 19 километр роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз кор дар 17 километри он анҷом ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳбарони шаҳр дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт, инчунин, бо ҷалби соҳибкорон ва бо истифода аз имкониятҳои худӣ таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллиро густариш диҳанд.