Ҳалокати пиёдагарди 68 - сола зери чархи "Опел - Зефира"

Ронандаи 35 - сола дар шаҳри Конибодом аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди 68 - соларо пахш намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 15 - уми сентябр, тахминан соатҳои 20:55-дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира" Атаханов Кабирхони 35 - сола, пиёдагарди 68 - соларо пахш намуд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Айнии ҷамоати деҳоти Патари шаҳри мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Қаҳҳоров Ҳусейнбой, сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони ҳамин шаҳрро, ки аз роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, пиёдагард Қаҳҳоров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.