Таъкиди СММ бар оташбаси доимӣ дар Афғонистон

Шӯрои Амнияти СММ дар қатъномае бо истиқбол аз оғози музокироти Толибон ва давлати Кобул бар истиқрори оташбаси доимӣ ва созиши сиёсӣ дар ин кишвар таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Шӯрои  Амнияти СММ дар ин нишаст ҳамчунин хоҳони мушорикати занону ҷавонон дар музокироти байни афғон дар Дуҳаи Қатар шуд ва бо сароҳат эълом кард, ки “тавсеаи сиёсӣ  ва пешрафтҳои ҷомеаи маданӣ, аз ҷумла дар заминаи ҳуқуқи занону кӯдакон, ки дар 19 соли гузашта ба даст омадааст , бояд ҳифз шавад ва густариш  ёбад”, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Эрон: хуруҷи неруҳои хориҷӣ метавонад ба Афғонистон сулҳ биёрад

Бино бар иттилои манбаъ, Шӯрои Амнияти Созмони милал дар ин қатънома аз бурузи хушунатҳо дар Афғонистон  ҳамзамон бо музокироти байни афғон ва аз теъдоди талафоти ғайринизомиён дар ин даргириҳо “амиқан” изҳори нигаронӣ кард.

Ин ниҳоди  байналмилалӣ ҳамчунин ба таври қотеъ  ҳамаи таҳаррукоти низомӣ ва ҳамалот дар Афғонистонро маҳкум ва таъкид кард, ки набояд ба гурӯҳҳои террористӣ монанди ДИИШ иҷоза дод, ки аз хоки Афғонистон ба унвони пойгоҳе барои амалиёти террористӣ ва таҳдиди сойири кишварҳо истифода кунанд.

Шӯрои  Амният дар идомаи ин қатънома, Толибонро аз ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ барҳазар доштааст.