ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Алберто Корреа Мендес мулоқот карданд. Ин дидор пеш аз Тоҷикистон рафтани ҷаноби Мендес сурат гирифтааст.
Тавре дафтари матбуоти ВКХ менависад, "Сироҷиддин Муҳриддин 15 сентябр Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт".
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав бо Владимир Путин мулоқот кард
Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алберто Корреа Мендес барои кор дар мамлакат изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият таманно кард.