Оғози сохтмони корхона: дар Суғд шишаи сайқалёфта истеҳсол мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии корхонаи “Суғд кварс” оғоз бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Шумори ҷонбохтагон аз вируси корона дар Эрон ба 23 ҳазору 453 нафар расид

Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 грам то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба раисиҷумҳур иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмуъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

“Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ бошад, дар як шабонарӯз 15 ҳазор метрии мураббаъ, ё 150 тоннаро ташкил медиҳад. Ғавсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад сайқалёфта буда, истеҳсоли он ҳанӯз дар мамлакат ба роҳ монда нашудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки ҳудуди умумии коргоҳи “Суғд квартс” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш 5 гектар бунёд карда мешавад ва дар боқимонда масоҳат иншооти ёрирасон сохта хоҳад шуд.