Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маҳдудиятҳо пас аз ваксинаи COVID - 19: ҳомиладорӣ, синамаконӣ, машруботу тамоку манъ аст

Пизишкон ба нафароне, ки алайҳи маризии коронавирус ваксина мегиранд, тавсия медиҳанд, ки то чанд муддат аз нӯшидани машрубот ва истеъмоли тамоку даст бикашанд. Гузашта аз ин, ҳомиладор шудан дар ин муддат ва синна макондан низ иҷозат дода намешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Пизишкон ба хоҳишмандоне, ки ваксинаи "Спутник V" - ро мегиранд, чанд тавсия ва маҳдудиятҳо пешниҳод намудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба протоколи озмоиши клиникӣ.

"Агар шумо дақиқан қарор намудед, ки дар таҳқиқот ширкат варзед, пас дар давраи он ба якчанд тавсияҳои мо аҳамият диҳед. Дар ин муддат ба занон тавсия дода мешавад, ки ҳомиладор нашаванд  ва ба кӯдакони хурдсолашон сина намаконанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, пизишкон таъкид намудаанд, ки се рӯз қабл аз ваксинаи алайҳи коронавирус гирифтан, комилан бояд аз истеъмоли машрубот даст бикашанд. Ҳамчунин, пас аз гирифтани ваксинаи "Спутник V", то як муддат истеъмоли нӯшокиҳои спиртиро коҳиш бояд дод.

Қирғизистон бо Русия барои воридоти ваксина алайҳи коронавирус гуфтушунид мекунад

Ба тамокукашон низ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки пас аз эм гирифтан, дар як рӯз набояд аз 10 дона тамоку бештар кашанд.

Семёнов гуфт, ки мӯҳлати интиқоли ваксина аз Русия ба Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст

Ёдовар мешавем, ки моҳи август Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт. Алъон истещсоли сартосарии ин ваксина шурӯъ шудааст ва шумораи зиёди хоҳишмандон барои гирифтани он сабти ном гардидаанд.

Зимнан, Вазорати тандурусти Русия хабар медиҳад, ки эмгузаронии оммавӣ танҳо пас аз истеҳсоли барзиёди ваксина ба роҳ монда мешавад.