Хабари омодасозии қассоси Эрон барои қатли Сулаймонӣ ва ҳушдори Трамп

Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки ҳеч гоҳ қатли тарсуёнаи генерал Қосим Сулаймониро ба ИМА намебахшад, аммо иддао дар бораи омодасозии куштори сафири амрикоиро рад намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мақомоти Эрон қасди қассос барои марги Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои “Қудс” доранд,  навиштааст рӯзномаи Politico бо такя ба манобеяш дар Қасри Сафед.

Имзоҳои қалбакӣ: чаро номзадии Усмонзода рад шуд?

Ба иттилои нашрия, ба сифати яке аз василаҳои қассос, қатли Лана Маркс, сафири ИМА дар ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ мавриди назар аст. Лана Маркс аз шиносҳои деринаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА арзёбӣ мешавад, ки моҳи октябри соли 2019 сафир дар Африқои ҷанубӣ таъйин гардид.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА ба хабарҳо дар бораи қасди қассоси Эрон барои марги Сулаймонӣ вокуниш карда, ҳушдор дод, ки посухи ИМА ҳазор баробар бузургтар хоҳад буд.  

Трамп дар саҳифааш дар Twitter аз хабарҳо дар бораи омодагии Эрон ба куштор зикр карда, таъкид намудааст, ки ҳар ҳамлаи Эрон ба ИМА дар ҳар шакле посухи ҳазор маротиба бузургтар дар пай хоҳад дошт.

Ёди Давлат Усмон аз вохӯриҳо бо Масъуд: суҳбат аз Тоҷикистон, Ҳикматёр, хости ИМА ва марг

Саид Хатибзода, намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки кишвараш ҳеч гоҳ қатли Сулаймониро фаромӯш нахоҳад кард. Аммо таъкид намудааст, ки хабарҳо дар бораи он, ки Теҳрон нақшаи сӯиқасд ба ҷони сафири ИМА дар Африқои ҷанубиро дорад, бепояанд.

Хатибзода илова намудааст, ки Эрон ҳеч гоҳ куштори Сулаймониро намебахшад ва Вашингтонро дар дахолат ба кори кишварҳои дигар ва инчунин омодасозию қатли даҳҳо нафар гунаҳкор донистаст.

Қосим Сулаймонӣ бо чанд нафари ҳамроҳонаш шаби 3 январ аз ҷониби нерӯҳои ИМА бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар кушта шуд.

Мақомоти додгоҳии Эрон ахиран санади ҳабси Трамп ва ҳудуди 30 нафари дигарро содир карданд, ки ба иттилои ин кишвар дар қатли Сулаймонӣ даст доранд.