Се рӯз қабл дар маҳаллаи 65 дидаанд: кумакхоҳӣ барои пайдо кардани Умеда-акс

Умеда Имомназароваи 18-сола, ки дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст, 1 сентябри соли равон аз хона баромада, бедарак шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бар асоси маълумоти дастрасшуда Имомназароваро чор рӯзи қабл дар маҳалли 65-уми шаҳри Душанбе дидаанд. Сайфиддин Сайфиддинов, яке аз дастандаркорони ҷустуҷӯи Имомназарова навиштааст, ки Умеда қаблан дар маҳаллаи Гипрозем зиндагӣ мекардааст ва рӯзҳои охир аз ӯ дараке нест.

Дар эълони нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр шудааст, ки бедаракшуда бемории руҳӣ низ дорад.

Аз афроде, ки дар бораи Умеда Имомназарова иттилое доранд, ё ӯро дидаанд, даъват карда шудааст, ки тариқи рақамҳои 221 21 21, телефони боварии вазири корхои дохилии Точикистон ё рақамҳои 93 922 21 11,  93 538 00 39 ва 93 995 17 77 – Шероз дар тамос шаванд.