Бохти таърихӣ: шикасти “Истиқлол” аз “Равшан” ва маҳрумият аз Ҷоми Тоҷикистон

Тими “Истиқлол” дар пайи шикаст аз тими “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб аз ҳаққи идомаи сабқат барои Ҷоми Тоҷикистон маҳрум шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дастаи “Истиқлол” дар даври чорякниҳоӣ ғайримунтазира дар меҳмонӣ аз дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб шикаст хӯрд, хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сабқати тимҳои Душанбе ва Кӯлоб бо ҳисоби 2:4 бо пирӯзии дастаи мизбон анҷом ёфт.

Ду голи дастаи “Равшан”-ро Ҳасан Рустамов ва як голиро Наврӯз Рустамов ва Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонда, тимашонро ба даври нимниҳоӣ расонданд.

Шогирдони Ғайраталӣ Мираҳмедов бо ғолиби сабқати “Локомотив Помир”– “Регар-ТадАЗ” қувваозмоӣ мекунанд.

Нахустин бор дар таърихи бошгоҳи “Истиқлол” ин тим аз ҳаққи идомаи сабқат дар марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон маҳрум шуд.