Гузориши масъулини Панҷакент ба Раҳмон оид ба COVID-19: овозаҳо дурӯғанд, се бемор дорем

Масъулини шаҳри Панҷакент имрӯз зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа ва ифтитоҳи Беморхонаи марказӣ оид ба вазъи тандурустии дар маҳал гузориш додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, зимни ифтитоҳи беморхонаи замонавӣ, Эмомалӣ раҳмон бо имконот ва шароити фароҳамовардашуда аз наздик шинос гардида, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷакент “Саразм плаза”-ву ҶСП “Мармари Саразм”-ро кушод

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ вазъи эпидемиологии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо хубтар мебошад

"Масъалан дар шаҳри Панҷакент аз 315 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 3 нафар мубталои ин беморӣ буда ҳоло дар беморхонаи сироятии шаҳр муолиҷа ёфта истодаанд ва ҳамаи овозаҳо вобаста ба хуруҷи ин беморӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ягон асоси воқеъӣ надоранд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ки шаҳр дорои беморхонаи алоҳидаи сироятӣ бо 70 кат буда, дар он шароити муосири табобату нигоҳдорӣ фароҳам оварда шудааст.

Гуфта мешавад, беморхонаи нав дорои 200 кат буда, дар он 180 ҷои кори иловагии дигар ташкил гардида, иншоот дар доираи стандартҳои қабулшудаи тиббӣ бунёд ёфтааст.

Раҳмон бинои нави муборизони фасод дар водии Зарафшонро ифтитоҳ кард

Иншооти нав аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар он барои ташхису табобати ниёзмандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, афзудааст манбаъ.