ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ, бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 аз 13то 15 сентябр баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин мусобиқот санаи 13 сентябр тими “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар хонааш дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанберо қабул мекунад.
Тими футболи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо ҳам рақобат мекунанд.
ФФТ мегӯяд, ду бозии дигари даври чорякниҳоо Ҷоми Тоҷикистон 15 сентябр дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз тими “Локомотив-Помир”-и шаҳри Душанбе бо “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ рақобат мекунанд.
Гуфта мешавад, ҳама рақобатҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 15:30 дар назар аст.