ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik Фаридун Салиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, якҷоя бо дастаи “Ротор”, Муҳаммад Султонов ба Премер Лигаи Русия барояд.
Дар оғози мавсими Лигаи олӣ даста чандон хуб баромад накард ва Муҳаммад дар ҳайати асосӣ кам баромад мекард, қайд кард Салиев.
Салиев афзуд, ки ин мавсим футболбоз ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват шуда, ба Туркия барои мулоқот бо мураббӣ рафт, аммо бинобар нозукиҳои шумораи легионерҳо дар футболи Русия, ин пешниҳодро қабул карда натавонист.
Агар ин масъала ҳалли худро ёбад, вай дар дастаи мунтахаби кишвар бозӣ хоҳад кард, гуфт сухангӯй.
"Албатта, агар Султонов дар тими миллӣ бозӣ мекард, дастаро тақвият медод, зеро мурабби ба ӯ таваҷҷуҳ дорад ва бо вай суҳбат низ кард" хулоса кард Салиев.
Ёдовар мешавем, Султонов чанд рӯз пеш аз тими “Ротор” рафт ва ҳамоно бо дастаи “Нижний Новгород” шартнома баст.
Дар бораи рафтанаш аз “Ротор” гуфт, ягон шарҳи расмӣ надоданд, ва аз номи раҳбари бошгоҳ гуфтанд, ки маро дигар дар даста дидан намехоҳанд.
Муҳаммад Султонов 28 сол дошта, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Номбурда ба футболбозӣ дар Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони рақами 1 дар Каменкаи вилояти Пенза шурӯъ намуда, соли 2007 дар мактаби футболи ССКА такмил ёфтааст.
Беҳтарин нишонзани “Ротор” Муҳаммад Султоновро аз тимаш "ронданд"
Султонов дар дастаҳои "Локомотив-2", "Спартак-Нальчик", "Тосно", "Шинник" бозӣ кардааст.
Солҳои охир футболбоз дар ҳайати дастаи "Ротор" бозӣ мекард, аммо моҳи сентябр маҷбур шуд ФК-ро тарк кунад.