Беҳтарин кӯчаву маҳалла ва оилаи Душанбе маълум шуд

Озмун барои муаян сохтани беҳтарин кӯчаву маҳалла ва оилаи Душанбе, ки бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт, идома дошт, хотима ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун, дар номинатсияи "Оилаи беҳтарин" оилаи Қурбонова Заррагул - истиқоматкунандаи кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб шудааст.

Филми тоҷикӣ ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмониро ба даст овард

Оилаи Фирӯза Ҳиматова - аз кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур ва оилаи Абдуғаффор Ғаниев - аз кӯчаи Сайидои Насафии ноҳияи Фирдавсӣ муттаносибан ҷойҳои дуюм  ва сеюмро соҳиб шудаанд

 Дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи  "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуд.

Манбаъ мегӯяд, хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ беҳтарин кӯчаи пойтахт донисташуда, пас аз он кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ҷой гирифтанд

Гуфта мешавад, ғолибони озмун дар ҳар як номинатсия бо диплом ва мукофотҳои дар ҳар як номинатсия барои се ҷой аз ду то 6 ҳазорсомонӣ мукофотонида шуданд.