Низомиёни 7 кишвар омодагии ҷангии низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ-ро санҷиданд, хабар дод Вазорати мудофиаи Русия.
Ҳафт ҳавопаймо, аз ҷумла се мушакбари Ту-160 ва чор бомбафкани Ту-22М3, ба қисмати шарқии аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ равона шудаанд.
Ин ҳавопаймоҳо ҳадафи нерӯҳои навбатдори зиддиҳавоии Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва инчунин Русия қарор гирифтанд. Дар пайи ошкорсозӣ, ҳарифи шартӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон нобуд карда шуд.
Дар маҷмуъ ҳудуди 60 ҳавопаймои нерӯҳои низомӣ, ки ба размоиши ИДМ ҷалб шуда буданд, ба ҳаво баромаданд.
Дар размоиш ҳудуди 130 нуқтаи фармондеҳӣ дар қаламрави Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.