Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав масоили марзиро баррасӣ карданд

Дар Маскав вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Чингиз Айдарбеков муҳимияти ташкили мулоқотро дар ояндаи наздик бораи аломатгузории марзи муштаракро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав бо Владимир Путин мулоқот кард

Вазирони ду кишвар инчунин масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштараки давлатиро баррасӣ карданд.

Намояндагони баландпоя хусусияти неки ҳамсоягии муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуда, зарурати ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳоро барои пешгирии иғво ва таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ қайд карданд.

Қайд карда шуд, ки бинобар паҳн шудани коронавирус, ҷонибҳо маҷбур шуданд музокироти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба таъхир андозанд.

Ҷонибҳо аҳамияти ташкили ин мулоқотро дар ояндаи наздик ва масъалаҳои муҳим ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.