Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: Вазорат омори навро нашр кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти боз як ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ тайи шабонарӯзи гузашта хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. ибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди умумии фавтидагон дар кишвар бар асари COVID-19 то имрӯз ба 72 нафар расид.

Роҳбари телевизиони Хуҷанд: аз хуруҷи дубораи COVID-19, фавти табибон то беморхонаҳои пур

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ аз 30 апрел то 10 сентябр 8 ҳазору 939 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин  7  ҳазору 714 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат таъкид намуд, ки теъдоди шифоёфтагон беш аз 86,3 дарсадро ташкил медиҳад.

“Шабонарӯзи охир 102 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 31 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, — афзудааст вазорат.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Лавров замони кушодани марзҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷиро гуфт

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.