Сафири Тоҷикистон дар Эрон даргузашти Исмоили Саодатро таслият гуфт

Исмоили Саодат - мутарҷим ва нависандаи эронӣ рӯзи дувуми сентябр дар синни 95- солагӣ вафот кардааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме даргузашти Исмоили Саодат-узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсиро таслият гуфт, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Эрон ва дастур ба Прокурори генералӣ

Бино бар иттилои манбаъ, Низомуддин Зоҳидӣ, сафири фавқулода ва томулихтиёри ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, дар паёми таслияти худ, хитоб ба доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ба муносибати даргузашти Исмоили Саодат навиштааст.

 "Даргузашти устод Исмоили Саодат-узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсиро ба ҳазрати олӣ ва аъзои мӯҳтарами фарҳангистон таслият арз мекунам. Осори устоди даргузашта, ба вежа «Донишномаи забон ва адаби форсӣ» , ки таҳти сарпарастии марҳум таҳия ва нашр шуда, дар шиносондани забон ва адаби фарҳанги Эронзамин нақши муҳимме бар ӯҳда доштааст ва номи устод Исмоил Саодатро мондагор хоҳад кард. Рӯҳи марҳум шод ва ҷояшон дар фирдавси барин бошад", - омадааст дар номаи таслияти сафири тоҷик.

"Киш Эйр" 25 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон баргардонид

 Исмоили Саодат-мутарҷим ва нависандаи эронӣ рӯзи дувуми сентябр дар 95-солагӣ аз дунё рафт.

 Ӯ нависанда, забоншинос ва мутарҷими осори фалсафӣ, узви Шӯрои олии вироиши Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломӣ, мудири гурӯҳи донишномаи таҳқиқоти адабии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва узви пайвастаи ин фарҳангистон буд.