ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, сонеҳаи нақлиётии мудҳиш санаи 8-уми сентябр тахминан соати 23:20-дақиқа дар роҳи Бохтар ба Душанбе сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-240”, Тошев Парвизи 25 сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ дар назди меҳмонхонаи “Бохтариён”-и шаҳри Бохтар аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи боркаши тамғаи “Хино”, ки таҳти идораи Абдулмуҳиди Абдухалили 23 бархурдааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, мусофирони худрави тамғаи “Мерседес-Бенс”, Гурезов Меҳроҷ Музафаровичи 27 сола ва додараш Гурезов Афзалшо Музафаровичи 23 сола сокинони ҷамоати деҳоти Ифтихори шаҳри мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Қосимов Қурбонали Эмомович, соли таваллудаш 1989, сокини ҳамон ҷо ва худи ронанда Тошев Парвиз ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.