Беҳтарин нишонзани “Ротор” Муҳаммад Султоновро аз тимаш "ронданд"

Футболбози умедбахши Тоҷикистон Муҳаммад Султоновро ғайриинтизор аз дастаи “Ротор”-и Волгоград хориҷ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Футболбози тоҷик Муҳаммад Султонов клуби футболи "Ротор" -ро тарк кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти даста.

Тими ҷавонони Тоҷикистон ҳамтои ӯзбекистониро голборон кард-видео

Дар клуб нимҳимоятгар Султонов 82 бозӣ гузаронида, 19 гол задааст. Муҳаммад инчунин бо дастааш ҳаққи баромад дар Пример Лигаи Русияро ба даст овард ва дар як мавсим 9 гол зада, беҳтарин нишонзани даста гардид.

"Созишномаи меҳнатӣ бо мувофиқаи тарафайн пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд", - омадааст дар иттилоияи клуб.

Як манбаи наздик ба вазъ дар клуб ба нашрияи минтақавии Волгоград Онлайн гуфтааст, ки футболбози тоҷик ба мураббии нав Александр Хатскевич мувофиқат намекунад.

Худи футболбоз қайд кардааст, ки ягон далели расмӣ ба ӯ дода нашудааст.

"Мураббӣ занг назад ва чизе шарҳ надод. Аз номи директор ба ман гуфтанд, ки онҳо маро дар тим дидан намехоҳанд", - гуфтааст бозигар.

Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон вазифаи нав гирифт

 Манбаи нашрия гуфтааст, ки рондани Муҳаммад Султонов аз тим маълум буд, зеро вай "ба пешрафти баъзе бозигарони зарурӣ халал мерасонд".