Рафиқ Си аз вируси корона гуфту Руҳонӣ аз тавсеаи ҳамкориҳо: табрикоти Чину Эрон ба Раҳмон

Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар табрикоташ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон бар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон президент ва мардуми Тоҷикистонро бо фаро расидани бисту нуҳумин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон самимона табрик кард.

Вай дар табрикномааш қайд кардааст, ки Эрон ҳамвора алоқаманд ба густаришу таҳкими ҳар чи бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар ҳамаи арсаҳои дуҷониба ва чандҷониба аст.

Путину Трамп раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик карданд

“Дар шароити кунунии ҳосил аз буҳрони ҷаҳонии каронавирус низ зарур аст, масъулони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо ба манзури рафъи мушкилоти иқтисодии минтақа ва интиқоли таҷрибаҳо дар заминаи муқобила бо ин беморӣ, талош ва сайъи бештаре бо якдигар дошта бошанд. Умедворам дар партави ҳусни тафоҳум ва талоши муштарак, шоҳиди густариши беш аз пеши равобити дуҷониба дар ростои манофеъи мутақобил ва ҳамчунин таҳкиму тавсеаи сулҳу амнияти минтакавӣ ва байналмилалӣ бошем”, - қайд кардааст Ҳасан Руҳонӣ.

Дар ҳамин ҳол, Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар номаи табрикотиаш зикр кардааст, ки баъд аз авҷгирии ҳамагирии КОВИД-19 Чину Тоҷикистон ба ҳамдигар кумак расонида, саъю талоши худро барои ҳифзи муштараки саломативу ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид месозанд, ки моҳияти асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амниятии Чину Тоҷикистонро инъикос менамояд.

“Ман итминон дорам, ки Чину Тоҷикистон бо саъю талоши муштарак метавонанд эпидемияро комилан мағлуб созанд. Аз оғози соли равон мову Шумо аз тариқи муросилоти хаттӣ ва суҳбатҳои телефонӣ пайваста дар тамос буда, оид ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар пасманзари  эпидемия мубодилаи амиқи афкор анҷом медиҳем”, - гуфт Си Ҷинпин.

Хатари мавҷи дуюми коронавирус: дар Тоҷикистон таҷлили Истиқлолият манъ шуд

Ҳамзамон вай илова кард, ки ба рушди муносибот миёни Чину Тоҷикистон аҳаммияти калон медиҳад ва тасмим дорад, ки дар якҷоягӣ бо Эмомалӣ Раҳмон барои мунтазам ба сатҳи баландтар баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба нафъи кишварҳову мардумонамон саъю талош намояд.

“Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодатмандиву рифоҳ таманно дорам”, - қайд кард Си Ҷинпин, роҳбари Чин.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон  раисҷумҳури Амрико, роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Шавкат Мирзиёев, Сооронбай Жээнбеков, Қосим-Жомарт Тоқаев и Қурбонқулы Бердимуҳаммадов.Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуған, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, роҳбари Беларус Александр Лукашенко и вайғайроҳо табрик намуданд.