Додоҷон Атовуллоев: ҳукумате, ки матбуоти озод надорад, ҳар ду чашмаш кӯр аст

Додоҷон Атовуллоев, таъкид доштааст, ки дар Ғарб ва Шарқ, дар як кишвари вомонда ё пешрафтатарини дунё журналистони ҳақиқӣ ба ҳам монанданд. Танҳо шумори хонандагон тафовут дорад. Агар “Фараж”-ро 20 ҳазор кас хонад, “The New York Times”-ро фаразан 20 миллион кас.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ки имрӯзҳо дар Олмон ба сар мебарад, дар саҳифаи Facebook-аш аз журналистикаи имрӯза ва озодии сухан изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ дар як рӯзнома намешавад, ки ҳама ситораҳо фаъолият кунанд. Аммо ҳар расона ситораҳое дорад, ки ба ҳам монанданд. Онҳо дар мавзӯъҳои “магӯ” менависанд, розҳои ниҳонро ошкор менамоянд. Барои як мақола ҷони худро дар хатар мемонанд. Зиндон мешаванд ё кушта мегарданд.

“Ҳукумат ё ҳокиме нест, ки журналисти ҳақиқиро дӯст дорад”, - таъкид доштааст оқои Атовуллоев.

Вай афзудааст, ки журналистика яке аз зарарноктарин касбҳо дар ҷаҳон аст. Шояд барои ҳамин аз ҳама бештар журналистон гирифтори сактаи мағз ва сактаи қалб мешаванд.

“Тасаввур кунед. Вақте журналист як нафарро танқид мекунад, як авлод, як гурӯҳ, гоҳо як минтақа бар рағмаш мешӯрад. Таҳқир, ҳакорат, зиндон ва ё посух бо корд ё тир”, - навиштааст рӯзноманигори тоҷик.

Зери як чатр наомадем: ҳасрат ва хайрбоди Додоҷон Атовуллоев бо Анҷумани нерӯҳои созанда

Вай афзудааст, ки дар мамлакатҳои пешрафта журналистон ба “синфи миёна” дохил мешаванд. Яъне, мисли як тоҷири муваффақе, ки манзил, мошин, дастмузде дорад, ки барои ҳар рӯз дар тарабхона ғизо хӯрдан, саёҳат кардан, табобати хуб гирифтан, аз магазинҳои люкс либос харидан кифоят мекунад.

"Аз ситораҳои журналистика намегӯям. Онҳо зиндагии шоҳонае доранд, ки на ҳар вазиру президент дорад" - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи рӯзноманигори тоҷик: "дар мо як иштибоҳе ҳаст, ки гӯё озодии сухан танҳо барои журналистон муҳим ва мӯътабар аст. Барои ҳамин таваллуд ва марги рӯзномаҳои озод аз “Чароғи рӯз” то “Рӯзи нав”, аз “Адолат” то “Нигоҳ”, аз “Ҳафт ганҷ” то “Ҳафта”, аз “Сухан” то “Озодагон” на мижаи ҳизбҳои сиёсӣ, на ашхоси таъсиргузор ва на мардумро хам нахӯронд”.

Ҳамчунин вай ишора дар баёнияи худ ишора кардааст, ки ду иштибоҳи дигари бадмуре ҳастанд. Яке, журналистика баъди фоҳишагарӣ пешаи сонии қадимист. В-он дигаре: матбуот – ҳукумати чаҳорум.Танҳо фоҳишаҳо бар онанд, ки журналистика танфурӯшӣ ё худфурӯшист.

“Дар мавриди ҳукумати чаҳорум: афкори ҷамъиятӣ ҳукумати чаҳорум аст, на матбуот. Расонаҳо танҳо воситаи офаридан ва баён кардани афкори ҷамъиятиянд. Як рисола ё тадқиқоти журналистӣ метавонад хонаи як сиёсатмадорро чунон “сӯзад”, ки он сиёсатмадор номгум гардад ё як ҳизби сиёсӣ абадулобод натавонад, дар интихобот пирӯз биёяд. Мисли ҳамон ҳазлияи рӯзноманигорон: фарқи байни вазир ва пашша дар чист? Ҳар дуро метавон бо як газит заду кушт”, -гуфт ӯ.

“Озодона”: Додоҷон Атоуллоевро дар Панҷакент меҷӯянд?

Додоҷон Атовуллоев, суол дар баёнияаш суолеро ба миён гузоштааст оё  метавон кишвареро тасаввур кард, ки ягон духтур ва ягон шифохона надорад?

Вай қайд кардааст, ки ҳама ҳар рӯз аз ин ё он маризӣ ё вабое мемиранд. Ё дардманду мустаманд зиндагӣ мекунанд. Кишваре, ки матбуоти озод надорад, мисли ҳамон сарзаминест, ки на табибе дораду на ҳабибе...

Рӯзноманигори тоҷик таъкид доштааст, ки ҳукумати зирак, ҳатто намегӯям ҳукумати мардумӣ, як подзаҳр, як воксин, як антивирус дорад, ки он матбуоти озод аст.

“Ягон сохтори дигар – на додгустарӣ, на порлумон, на полис – наметавонад дардҳои ҷомеъаро мисли матбуоти озод бозгӯ бинамояд”, - қайд кард оқои Аттовуллоев.

Вай илова кард, ки дунё чунин шудааст, ки ҳукуматҳо дар кишварҳои озод 90 фоизи ахборро аз рӯзномаҳо мегиранд, танҳо 10 фоизашро аз сохторҳои кашшофӣ ё амниятӣ.

Додоҷон Атовуллоев, зикр кардааст, ки ҳукумат ду дӯсти вафодор дорад: матбуоти озод ва оппозитсияи оқилтару болотар аз худаш.

“Ҳукумате, ки оппозитсияи солим надорад, як чашмаш кӯр аст. Ҳукумате, ки матбуоти озод надорад, ҳар ду чашмаш кӯр аст. Нобино ҳар рӯз пешпо мехӯрад ё ҳатман рӯзе ба вартае сарнагун мешавад”, - таъкид доштааст рӯзноманигори маъруфи тоҷик.

Дар охир ӯ ёдрас шудааст, ки нобиноеро дар моварои чоҳе хаспӯш дидан ва хомӯшию сукут варзидан гуноҳи кабира аст.