Абдуллозода: Тоҷикистон иқтидор дорад, то муқобили COVID-19 муқовимат кунаду пирӯз шавад

Натиҷаи муқовимат бо бемории COVID-19 нишон дод, ки дар маҷмӯъ соҳаи тандурустии Тоҷикистон иқтидор дорад, то бар зидди чунин як пандемияи мушкил ва мураккаб муқовимат намояд ва пирӯз ояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik.  Аҳтам Абдуллозода, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисумҳури Тоҷикистон ахиран зимни ҳамоише, ки дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон доир гардид, таъкид дошт, ки  таърихи миллати тоҷик шурӯъ аз давраи Абӯалӣ ибни Сино  то ба имрӯз  бори дигар исбот намуд, ки тандурустӣ  муҳимтарин соҳа  дар рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Семёнов омори “вируси корона” – и вазорати тандурустиро дуруст меҳисобад

Ба гуфтаи вай, таъмини саломатии аҳолӣ яке аз рукнҳои асосии  амнияти давлат ва пешрафти он маҳсуб меёбад.

Аҳтам Абдуллозода инчунин иброз дошт, ки натиҷаи муқовимат бо бемории COVID-19 нишон дод, ки дар маҷмӯъ соҳаи тандурустии Тоҷикистон иқтидор дорад, то бар зидди чунин як пандемияи мушкил ва мураккаб муқовимат намояд ва пирӯз ояд

Вай афзуд, бо дастгириҳои раисҷумҳур имрӯз барнома, стратегия, консепсия ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавию стратегии рушди соҳаи тиб қабул гардида, онҳо дар рушди соҳа таъсири амиқ мегузоранд.

Дар ҳамин ҳол дар ҳамин маҷлис вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозиринро бо  29-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгириҳои бевоситаи давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дар давраи истиқлолият ёдовар шуд.