ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон ахиран ба истиқболи 29 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Исматуллозода Ширин ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба якқатор фоъолони вилоят, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доштанд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Гуфта шудааст, ки бекназарзода Саъдулло Саид , сардори филиали муассисаи давлатии Муҳофизати растаниҳо ва химиккунонии кишоварзии вилояти Хатлон бо медали Хизмати шоиста қадрдони карда шуд.
Ҳамзамон Гулов Алимаҳмад Холмаҳмадович, раиси ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон бо медали Хизмати шоиста қадрдони карда шуд.
Сангализода Қумринисо Сафаралӣ, муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон бо медали Хизмати шоиста қадрдони карда шуд.
Кабиров Тағоймурод Раҷабович, донори фаъоли филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон қадрдони карда шуд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар охир раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳор доштаааст, ки мукофотҳои олии кишвар, ки имрӯз супорида шуд, масъулияти хизматчиёни давлатиро бамаротиб зиёд мегардонад.