ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Мақомоти ноҳияи Муъминобод ба муносибати 29-солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти кишвар дар ин ноҳия — Прокурори Генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Манбаъ таъкид доштааст, ки Юсуф Раҳмон сокинони ноҳияи Муъминободро бахшида ба ин санаи муборак табрик намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.
Таъкид шудааст, ки Прокурори генералии Тоҷикистон аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба як қатор фаъолони ноҳия, ки бо Фармони Президент бо мукофотҳои давлдатӣ қадрдонӣ шудаанд, ин мукофотҳоро эъто намуд.
Манбаъ қайд намудааст, ки аз ҷумла Юсуф Раҳмон, ба муовини Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва раиси хоҷагии деҳқонии “Ғринг”, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, медали “Хизмати шоиста” супорид.