ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари 72 солаи он Мироҷ Абдуллоев, номзад ба мақоми президенти пешбарӣ шуд.
Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон имрӯз доир гашта Мироҷ Абдуллоев якдилона аз суи 57 вакили ҳизб номзад ба президентӣ пешбарӣ шуд.
Ӯ зимни суханронӣ бо ишора аз таҷриба ва таърихи ҳизби зертобеяш гуфт, дар интихобот ғалаба хоҳанд кард.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қарор аст 11 октябри соли ҷорӣ доир гардад.
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон низ аллакай барномаи интихоботиро омода кардааст. Барномаи ҳизб ҳалли мушкилоти иҷтимоиро, навсозии иқтисодиёт ва ислоҳоти менеҷмент ва системаи судиро дар бар мегирад.
Айни замон, раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон Абдухалим Ғаффоров, раиси Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода пешбарӣ шудаанд.
Ҳолнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии номзаде, ки гуфт, дар Душанбе метро месозад, агар...
Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба мансаби президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократӣ пешбарӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон – номзади ҲХДТ дар интихоботи президентӣ
Ҳизби сотсиал демократӣ бошад, эълон кард, ки интихоботи навбатиро таҳрим ва аз ширкат дар он худдорӣ мекунад.