Афзоиши фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон: Вазорат тасдиқ кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи охир  фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ як ҳолат афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 70 нафар расид.

Семёнов омори “вируси корона” – и вазорати тандурустиро дуруст меҳисобад

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ аз 30 апрел то  5 сентябр 8 ҳазору 757 гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин  7  ҳазору 549 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат таъкид намуд, ки 86,2% беморон аз COVID-19 шифо ёфта, то имрӯз бар асари он 70 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 85 нафар гумонбарон қарор дошта, 34 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.