Ҷаласаи Исматуллозода дар Бохтар: аз баргузории ҳамагуна чорабиниҳо худдорӣ кунед

Муовини сарвазир хоҳиш кард, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ аз баргузории ҳама гуна чорабиниҳо муваққатан худдорӣ карда шуда, корҳои пешгирикунанда вусъат дода шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба интиқол, пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус баргузор гардид. 

Пешгирӣ аз мавҷи дуюм: КҲФ барои пешгирӣ аз COVID - 19 дар Душанбе овезаҳо насб кард

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон,  Исматуллозода дархост кард, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ аз баргузории ҳама гуна чорабиниҳо муваққатан худдорӣ карда шуда, корҳои пешгирикунанда вусъат дода шаванд.

"Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур корҳои профилактикӣ ва санитарию эпидемиологӣ пурзӯр карда шаванд ва сокинон, аз ҷумла хонандагон ҳатман аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд", - менависад манбаъ.

Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад

Ҳамчунин муовини Сарвазир дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, беморхона ва марказҳои саломатӣ, ҷараёни гардиши усулҳои хона ба хона, захираи маводи доруворӣ, дар ҳолати омодабош қарор доштани катҳои бистарӣ боздид ба амал оварда, ба масъулин дастур дод, ки корҳои зиддиэпидемикӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тезонида шаванд.