ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дуввумин бастаи эҳдоии кишвари дӯсту бародари Эрон ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории вируси корона бо парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии “Киш Эйр”, баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 3 сентябри соли равон вориди фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шуд ва таҳвили мақомоти марбутаи Тоҷикистон гардид.
Эрон барои мубориза бо вируси корона ба Афғонистон кумаки пизишкӣ расонд
Дар ин бора ба Spurnik Тоҷикистон аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, кумаки пизишкии Эрон тайи маросиме бо ҳузури Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Саъдӣ Шарифӣ, сардори раёсати Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба тарафи тоҷик таҳвил дода шуд.
Фаврӣ: ҳавопаймо аз Машҳади Эрон бо таҷҳизоти пизишкӣ ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард
Инчунинтибци иттилои манбаъ, ин баста, ки тавассути муовинати илмӣ ва фанноварии раёсати Эрон ирсол шудааст, шомил колоҳое аз қабили вентилятор, термометр, пулсоксиметр, компрессор, маҳлулҳои антисептикӣ ва васоили ташхис мебошад.
Пайрави гуфтугӯи телефонии Ҳасан Рӯҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон руасоиҷумҳури ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон, аввалин бастаи кӯмакҳои пизишкии эҳдоии Эрон дар санаи 12. Майи соли равон ирсол шуда буд.