Баррасии таъсири коронавирус ба фаъолияти низоми бонкӣ дар Амонатбонк

Раиси “Амонатбонк” дар мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати ХБА аз таъсири манфии “COVID-19” ба фаъолияти бонкии Тоҷикистон таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ҳамеша омода аст, ки бо Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҳамкориро дар самтҳои мухталиф барои бартараф намудани пайомадҳои манфӣ ба иқтисодиёт ва пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ густариш диҳад.

Аз “Агроинвестбонк” то “Амонатбонк”: ошкоршавии ҷиноятҳо дар бонкҳои Суғд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисодӣ дар ҷаҳон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро баҳри пешгирии таъсири манфии пайомадҳо ба фаъолияти ин бонк матраҳ намуданд.

Ҳамчунин гуфта шудаааст, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таъсири манфии “COVID-19” ба фаъолияти бонкӣ, вазъи сармоя ва пардохтпазирӣ, дороиҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳкими идоракунии хавфҳо, фаъолияти “Корти Миллӣ” дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳолати қарздиҳӣ ва истифодаи Бюрои қарзӣ  матраҳ гардиданд.