ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бар асоси наворҳои нашршуда, ронандаи қоидаситез намоишкорона ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо суръати баланд воситаи нақлиётро идора менамояд.
Муқобили ҳаракат пеши чашми пулис: баҳси қонуншикании “ҷавонони тиллоӣ” дар Хуҷанд-3 видео
ВУД мегӯяд, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки ронандаи мазкур Раҷабов Диёр Бойалиевич, сокини 26-солаи деҳаи Кӯлолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад.
Тафтиши навор: мошин аз худаш нест, ба Хуҷанд сайёҳат омадаанд-видео
“Тавре Раҷабов нишондод медиҳад ҳолати дар навор инъикосгардида санаи 18-уми сентябри соли 2019 тахминан соатҳои 23:00 ба вуқуъ пайваста, воситаи нақлиёти таҳти идораи ӯ қарордошта автомашинаи тамғаи “Ауди а-6” аст, ки ба рафиқи хориҷиаш тааллуқ дорад ва он замон онҳо барои саёҳат ба шаҳри Хуҷанд омада буданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид кардааст, ки Диёр Раҷабов барои қоидавайронкунӣ бо қарори суд ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз маҳкум шудааст.