ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тоҷикистон аввалин шуда нимфинали “Биатлонм танкӣ”-ро, ки дар доираи мусобиқоти ARMI-2020 идома дорад, ба анҷон расонидад.
Мусобиқаҳо дар пойгоҳи Алабино воқеъ дар наздикии Маскав баргузор шуданд. Дар нимфинал экипажҳо аз Тоҷикистон, Лаос ва Конго ширкат варзиданд.
Дар натиҷа, Тоҷикистон дар тӯли 2 соату 41 дақиқа ҳамаи хатҳоро тай кард. Дар робита ба ин экипажи ҷумҳурӣ имкон дорад, ки ба финали "Биатлони Танкӣ" роҳ ёбад.
Ҷои дуввумро дар пойга Лаос ишғол кард, ки давоми 2 соату 43 дақиқа ба марра расид.
Мақоми аввали Тоҷикистон дар сабқати "Биатлони танкӣ" дар Маскав
Барои анҷоми марҳилаи ниманиҳоии “Биатлони танкӣ” барои Конго беш аз 3 соат вақт сарф шуд.
Имрӯз дар назар аст қуръакашӣ доир шавад, ки дар он иштирокчиён марҳилаи финалӣ муаян хоҳанд шуд.