Омори ахири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш дод, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, дар маҷмуъ аз 30 апрел то 3 сентябр 8 ҳазору 690 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, ки аз ин беш аз 86 дарсадашон шифо ёфтанд.

Ҷавони тоҷик мудаии президентӣ шуд: Иргашов чӣ ваъдаҳо доду чиро интизор аст?-аксу видео

Манбаъ теъдоди то ҳол шифоёфтагонро аз коронавирус 7 ҳазору 482 нафар, ё худ 86,1% гуфта, таъкид намудааст, ки бар асари COVID-19 то ҳол 69 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 85 нафар гумонбарон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Қарори Раҳмон барои таъсиси шабакаи нави телевизион ва дарс тариқи TV

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.