Мақомоти Хуҷанд гуфт, тӯйхонаву тарабхона ва клубҳои шабона манбаи сирояти коронавирусанд

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо нигаронӣ аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми гузаронидани тамоми маъракаҳо қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, таҳлилҳо собит менамоянд, ки афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ва манбаъҳои нави хуруҷ аксар вақт бо ҷойҳои ҷамъшавии одамон, аз қабили  тўйхонаҳо, тарабхонаҳо ва клубҳои шабона меравад.

Хатари мавҷи дуюми коронавирус: дар Тоҷикистон таҷлили Истиқлолият манъ шуд

“Ҳарчанд ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 меъёрҳои иштироки шаҳрвандонро дар маъракаҳои маросими тўй аниқу дақиқ намуда бошад ҳам, мутаассифона ин муқаррарот риоя нашуда, бо теъдоди зиёди меҳмонон сурат гирифта, ҳатто меъёрҳои оддии санитарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда намешаванд”,-афзудааст манбаъ.

Мабаъ мегӯяд, як рейди мақомоти Хуҷанд дар макони баргузории тўю маъракаҳо собит намуд, ки аз ҷониби роҳбарони тарабхонаю тўйхона ва соҳибмаъракаҳо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ риоя карда намешаванд. Чунин чорабиниҳо бо омилҳои хатарҳои мавҷуда гузаронида мешаванд, ки дар ин ҳолат сироятёбӣ аз эҳтимол дур нест.

“Нисбати якчанд нафар моликони тарабхонаву тўйхонаҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қисми зиёди онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд”,-афзудааст манбаъ.

Омори ахири Вазорати тандурустӣ: дар ҷумҳурӣ шумори гирифторони коронавирус афзоиш ёфт

Мақомоти Хуҷанд аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо ва маросими дафн риояи қоидаҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемикиро фаромўш насозанд.