Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи дуюми сентябр дар Ветнам – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва дар Русия – Рӯзи гвардия таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 2 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1920 ғалабаи инқилоби Бухоро.

Соли 1939 дар Бритониёи Кабир қонун дар бораи хизмати миллӣ дар армия барои мардони аз 18 то 41-сола қабул гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

соли 1940 нишони фарқкунандаи маршалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ- "Ситораи маршал" ҷорӣ карда шуд.

Соли 1958 дар Чин аввалин стансияи телевизионӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1993 Ӯзбекистон дар бораи то соли 2000 иваз намудани ҳуруфоти худ аз кирилӣ ба лотинӣ  эълон нашр намуд.

Соли 1996 дар Украина пули нав – гривна ба муомилот бароварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1924 дар Душанбе аввалин неругоҳи барқӣ-обӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1931 дар шаҳри Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи вилоятии "Бадахшони Сурх" нашр шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 31 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2003 ифтитоҳи Донишкадаи нақлиёти ҶТ.

Соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супорид.

Соли 2009 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин ҷаласаи якҷояи минтақавии комиссияҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои наздисарҳадӣ баргузор гардид.

Соли 2010 САҲА Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои "Чоргонаи Душанбе" — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гардид, ки дар он  сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Пекин Созишнома байни Ҳукумати  Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ ба имзо расид.

Соли 2017 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр

  • Дар Ветнам – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Русия – Рӯзи гвардия.
  • Рӯзи кормандони нотариус дар Украина.

Рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аҳмадшоҳ Масъуд (1953-2001)- генерал, Қаҳрамони Афғонистон.

Абдуллозода Шерзод (1945)- файласуф, профессор.

Шаҳрия Аҳтамзод (1952) – шоира.

Ёрзод Садриддин (1950)- публисист.

Малика Қаландарова (1950) – раққоса, Артискаи халқии СССР, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ли Геннадий (1937) – доктори илми кишоварзӣ.

Фахриддин Мирзоаҳмадов (1948) – доктори илми техникӣ, профессор.

Александр Морковский (1900 – 1989) – доктори илми геологӣ. Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ато Муҳаммадҷонов (1940 – 2002) – актёри театру кино. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Хуршеда Отахонова (1932) – доктори илми филологӣ, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Сафаралӣ Раҷабов (1955-2011) – арбоби давлатӣ.

Улуғбибӣ Саидова (1864-1954)- аввалин милитсионерзани тоҷик (модари Тўҳфа Фозилова).

Дараи Панҷшер ва Аҳмадшоҳи Масъуд

Дараи Панҷшер пур аз оҳанпораи зангзадаи мошинҳои боркаш ва танкҳо аст. Дар ҳамин ҷо мақбараи қумандони номӣ Аҳмадшоҳ Масъуд (Шери Панҷшер), ки барои афғонҳо на танҳо қаҳрамони ҷанг, балки рамзи сулҳ дар Афғонистон буд, ҷойгир аст.

Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳудиде, ки дар музофоти Панҷшер махсус ҳифз мешавад,  дараи Панҷшер аст, ки рамзи мардонагӣ ва озодихоҳии мардуми Афғонистон мебошад.

Дар аввал ва мобайнҳои солҳои 1980 инҷо амалиётҳои бузурги ҷангии қӯшунҳои ҳукуматии Ҷумҳурии демократии Афғонистон зидди  қувваҳои мусаллаҳи муташаккили сокинони маҳаллӣ бо роҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд гузаронида мешуданд. Шумораи умумии муҷоҳидон дар дараи Панҷшер ба 5 000 нафар расида буд.

Танҳо дар як амалиёт 2600 низомии афғон ва 11 ҳазор низомии шӯравӣ иштирок карда, 390 ҳавопаймову чархбол ва 39 воҳидҳои тирандози хушкигард истифода шудаанд. Пас аз ин ҳодисаҳо рӯди Панҷшер оби зиёдеро аз сар гузаронид. Феълан  панҷшериҳо зиндагии оддие доранд, аммо дар минтақаъ сулҳ ҳукмфармост ва мардумаш бо ифтихор ба сар мебаранд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар дараи Панҷшер барои афғонҳо макони муқаддас - мақбараи қаҳрамони миллӣ - Аҳмадшоҳ Масъуд ҷойгир шудааст, ки мардум ба зиёраташ мераванд.

Сокинони маҳаллӣ меҳмнони русро хуш қабул мекунанд: "Хуш омадед, замоне мо ҷангидаем, аммо ҷанг - ҷанги бовиҷдонона буд. Ҳоло мо бояд дӯст бошем", - мегӯянд онҳо.

Майдони ҷанги Аҳмадшоҳ Масъуд: ҳаёти осуда байни гӯристони танкҳо

Ба гуфтаи мардум, бо гузашти даҳсолаҳо, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ғасби ИМА , афғонҳо дарк кардаанд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия - душмани Афғонистон набуданд, аммо кӯшиши кӯмак ба кишвар ба воситаи ҷанг натиҷае надод. Имрӯз афғонҳо роҳ, ағба, корхонаҳои саноатиеро дида метавонанд, ки тайи солҳои зиёд онро русҳо ва мардуми шӯравӣ бунёд карда буданд. Иншоотҳоеро, ки Амрико дар фикри бунёд карданаш набуд ва нест.

Чеҳраи Аҳмадшоҳ Масъуд барои афғонҳо рамзи ояндаи нек, аммо бадастнаомадаи Афғонистони ором аст, ки дар он кишвар дин зидди рушди кишвар нест ҳунар тараққӣ мекунаду мардум дар осоиштагӣ ва сериву пурӣ зиндагӣ мекунанд.

Шери Панҷшер ба он нигоҳ накарда, ки маълумоти нопурраи олӣ дошт, ҳамадон буд, ғайр аз забонҳои дарӣ ва пашту забони франсузиро ба пуррагӣ медонист ва ҳамсӯҳбатонашро бо хушмуомилагиву зиракӣ ва хушахлоқӣ қоил мекард.

Ӯ пас аз хурӯҷи қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989 тамоми шимолу шарқи Афғонистонро таҳти идораи худ мегирад ва ҳукумати то дараҷае устуворро барпо мекунад, иқтисодро ба по мемонад ва ҳатто пули милии кишварро ба истифода мебарорад. Бегумон, ӯ метавонист тамоми Афғонистонро муттаҳид кунад, аммо...

Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мутаассифона, нафаре кишвари мустақилро зери идораи марди бомаърифате, ки пашту несту тоҷик аст, дида натавонист. Ва 9 сентябри соли 2001 Масъуд аз ҷониби террористони маргталаб кушта мешавад. Онҳо худро рӯзниманигор гуфта, зери наворбардор маводи мунфаҷира пинҳон карда буданд.

Фармоишгари асосии куштори Масъуд роҳбари ҳамонвақтаи "Толибон" Усома ибн Ладен гуфта мешавад.

Мутаассибон Масъудро куштанд, вале идеяҳои вай зинда монаданд. Ва Аҳмадшоҳ ҳатто бо гузашти 19 сол аз маргаш "то абад зинда" мемонад ва  роҳбари маънавию қаҳрамони Афғонистон ба ҳисоб меравад.