ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Санаи 1 сентябр утоқи хизматии милитсияи “Сафеддара”-и шуъбаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ва ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, воқеъ дар ҷамоати Тагоби ноҳияи Варзоб мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои мнабаъ, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи утоқи хизматии милитсияи “Сафеддара”-и ШВУД дар ноҳияи Варзоб ва ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шуъбаи мазкур ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода, роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, ки бинои мазкур аз ду ҳуҷра иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютеру, телевизор, яхдон, кондитсионер ва ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
“Дар минтақаи мазкур 6 нафар корманд хизмат мебаранд”, таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.
Бояд қайд кард, ки ҷамоати Тагоб зиёда аз 9500 нафар аҳолӣ дошта, кормандони минтақаи мазкур ба сокинон хизмат мерасонанд.
Гуфта шудааст, ки мустаҳкам намудан ва инкишоф додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо кормандони муовини Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки бо истифода аз шароити хуб кормандони милитсия софдилонаву содиқона ба сокинони минтақаи мазкур хизмат расонанд ва дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини оромиву осоиштагии мардум саҳмгузор бошанд.