Лукашенко бо раиси Додгоҳи олии Белорус, Валентин Сукало мулоқот кард, ки яке аз мавзӯъҳои меҳварии он тағйирот ба Конститутсияи кишвар буд.
Раисиҷумҳури Белорус изҳор дошт, ки бозгашт ба Конститутсияи соли 1994 барои кишвар қадаме ба қафо хоҳад буд. Ин тағйирот аст, аммо на ҳар тағйирот қадам ба пеш мебошад, афзуд ӯ.
Раисиҷумҳури Белорус гуфт, мехоҳад, ки тағйирот ҷомеаро ба пеш такон диҳад.
Лукашенко аз роҳбари Додгоҳи олӣ даъват кард, ки ба ҷараёни ворид кардани тағйирот шомил шавад ва тағйироти марбути низоми додгоҳии кишвар бояд тавре роҳандозӣ шавад, ки “пойбанди шахсиятҳо, аз ҷумла Лукашенко” набошад.
Роҳбари Белорус инчунин таъкид кардааст, ки ташаббускорони пешниҳодҳо ба Конститутсия бояд масъулияти онро ба дӯш гиранд.