Бунёди манораи 13-метра дар даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ

Баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад. Дар болои он рамзи кураи замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга  ва  парчам оро дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Самарқанд манора (стелла) бо чароғакҳои ранга ба истифода дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд.

Ифтитоҳи пояи Парчами 41-метра дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки ин манора бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Насби соати бузург дар шаҳри Бохтар - видео

"Баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад. Дар болои он рамзи кураи замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга  ва  парчам оро дода шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Айнӣ ба нақша гирифтаанд, ки то ҷашни миллӣ сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ, аз қабили роҳҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, китобхона, ҳуҷраи хатна, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, мағоза, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳоро дар муддати кӯтоҳтарин ба истифода диҳанд.

Дар маркази ноҳияи Рӯшон сутунпояи Парчами миллии 30 метрӣ қомат меафрозад

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёди 499 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.