Хатмкардаи “Ал-азҳар”, донандаи 5 забон: сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кист?

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Акрам Каримиро сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, яке аз кишварҳои калидии олами ислом таъин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Каримӣ Акрам, ки қаблан дар сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабӣ ба ҳайси тарҷумон хидмат мекард, имрӯз сафир дар Арабистони Саудӣ таъйин гардид, хабар дод маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Тағйироти кадрӣ: барканории Худоёрзода ва мансаби нави Азим Иброҳим

Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул соли 1978 дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дипоматияро дар Донишгоҳи “Ал – азҳар” – и Мисри Араб омӯхтааст.

Як муддат дар сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе минҳайси тарҷумон кор карда, сипас дар сохторҳои мухталифи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Чанд сол тарҷумони арабии раисҷумҳур ва ёвари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Аз июли 2019 то таъйин шуданаш ба симати сафир дар Арабистонӣ Саудӣ дар вазифаи мушовири сафорати Тоҷикистон дар Қатар кор мекард. Забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва туркиро балад аст. Қабл аз ӯ Заробиддин Қосимӣ сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ буд, ки ҳоло сафир дар Мисри Араб таъйин шудааст.