Фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон: таъйини сафирони Тоҷикистон дар Чин, Арабистони Саудӣ ва Миср

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон сафирони Тоҷикистон дар Чин, Арабистони Саудӣ ва Мисрро таъйин намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармон сафирони Тоҷикистонро дар се кишвар таъйин намуд.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Чин Саидзода Зоҳир Озод таъин кард.

Тағйироти кадрӣ: барканории Худоёрзода ва мансаби нави Азим Иброҳим

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, Давлатзода Парвиз бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Чин ва ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам озод карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи фармони дигари раисҷумҳур Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин карда шуд.

Сафири қаблии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Қосимӣ Заробиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод карда шуд.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо имзои як фармони дигар Қосимӣ Заробиддинро Сафири Тоҷикистон дар Миср таъин кард.