“Раҳбари минтақаӣ”: як созмони хориҷӣ ба Эмомалӣ Раҳмон унвони нав дод

Ҷунбиши ҳамгироии миллатҳои Қалби Осиё ё Heart of Asia Nations Integration Movement (HANIM) ба раисҷумҳури Тоҷикистон унвони “Раҳбари минтақаӣ” – ро эъто кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Муҳибуллоҳ Нурӣ, раҳбари ин созмон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, давлати Тоҷикистон ва шахси Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои пасин сиёсатҳо ва фаъолиятҳои зиёдеро дар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва ҳамгироиҳои минтақаӣ дар кул таъмини сулҳу субот ва тавсеа дар Тоҷикистон ва минтақа рӯи даст гирифтааст.

3 сентябр: Оё Раҳмон дар анҷумани Ҳизби халқӣ-демократӣ хоҳад буд?

“Намунаи боризи он тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла эъмори пулҳо ва эҷоди бозорҳои муштарак дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон аст. Муҳимтар аз ҳама, ба таърихи 20 август 2020 мо аз тариқи расонаҳо дидем, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба вилояти марзии Бадахшон сафар карда ва аз он сӯи дарёи Ому бо теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистон аз тариқи баландгӯ гуфтугӯ намуд”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Ҷунбиши ҳамгироии миллатҳои Қалби Осиё ё Heart of Asia Nations Integration Movement (HANIM) яке аз созмонҳои муътабари ғайридавлатӣ дар Афғонистон буда, соли 2012 таъсис ёфтааст ва ҳадафи он ҳимояти ҳамкориҳову ҳамгироиҳои минтақаӣ аз тариқи тақвияти робитаи мардум бо мардум дар сатҳи минтақаи Қалби Осиё - Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Туркия, Покистон ва Эрон мебошад.

Раҳмон номзад ба президентӣ ва Файзизода раиси нави иттифоқҳои касаба шуд

Ин созмон дар саросари Афғонистон чанд созмону донишгоҳ ва расона, аз қабили Иттиҳоди рӯзноманигорон, Федератсияи фул разм, Донишгоҳи Фаҷристон, Расо ТВ, Радиои “Тахористон”, Ширкати радиотелевизионии “Ойхонум” ва ғайраро таҳти пуштибонӣ дорад. Ба қавли раҳбари Ҷунбиши ҳамгироии миллатҳои Қалби Осиё, яке аз барномаҳои созмон “Барномаи ҳимоят аз зимомдории минтақавӣ” аст, ки тибқи он, ҳар шахсият ва мақоми давлатӣ, ки дар ҷиҳати ислоҳоти миллӣ ва минтақаӣ муваффақ аст, он шахсият тақдир хоҳад шуд.

“Механизми тақдири руасои ҷумҳур ва нахуствазирон эътои унвони “Раҳбари минтақаӣ” аст. Мутобиқи ин барнома ифтихор дорем, то эълон намоем, Эмомалалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сӯи Ҷунбиши ҳамгироии миллатҳои Қалби Осиё барҳақ арзандаи унвони “Раҳбари минтақаӣ” шинохта шудааст”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Муҳибуллоҳ Нурӣ дар гузашта раиси департаменти сиёсати Шӯрои амнияти миллӣ (2012 – 2019) ва як соли ахир мушовири раиси иҷроияи Афғонистон доктор Абдулло Абдулло буд.

Ӯро яке аз сиёсатмадорони ҷавони муваффақи Афғонистон муаррифӣ мекунанд. Моҳи июли соли равон беш аз 100 намояндаи парлумони Афғонистон номзадии ӯро барои мақоми вазири корҳои дохилии ин кишвар пуштибонӣ карданд.