Мирзиёев гуфт, мансабдоронро барои омори бардурӯғи коронавирус ба ҷавобгарӣ мекашад

Президенти Ӯзбекистон мансабдоронро огоҳ кардааст, ки барои пешниҳоди ахбори дуруғ дар бораи вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар ба ҷавобгарӣ мекашад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае вазъи паҳншавии коронавирусро дар кишвар таҳлил кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Коршиносони рус барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон мераванд

Гуфта мешавад, ба намояндагони мақомоти маҳаллӣ супориш дода шуд, ки риояи  меъёрҳои санитариро тақвият бахшанд.

Президент тамоми роҳбаронро огоҳ кардааст, ки шумораи воқеии паҳншавии коронавирусро пинҳон накунанд.

Вай афзудааст, ки ин амали мансабдорон ба ҷавобгарии қатъӣ кашида мешавад.

Бештар шуд: Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро гуфт

Ҳамчунин раисҷумҳури Ӯзбекистон сатҳи паҳншавии коронавирусро то 370 ҳолат дар як рӯз нишондиҳандаи контролӣ муайян кард.